02:30 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Сахт андуҳгин: Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фоҷиаи Магнитогорск

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (156)
1181 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барқияи тасаллият ирсол кардааст

ДУШАНБЕ, 3 янв - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Путин аз хбари таркиши газ дар бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск, ки муҷиби ҳалок ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо нафар гардид, изҳори андуҳ кардааст.

“Дар робита ба ин фоҷиа тасаллияти амиқи худро ба тамоми мардуми дӯсти Россия иброз дошта, хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва ҳамзамон таманниёти зуд шифо ёфтанро ба тамоми осебдидагон расонед”, - омадааст дар паёми Эмомалӣ Раҳмон.

Дар пайи таркиши газ дар як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Магнитогорск, ки субҳи 31 декабр рух дод, наздики 40 нафар, аз ҷумла 4 узви як хонаводаи тоҷикистонӣ ба ҳалокат расиданд.

Иброҳим Аҳмад, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР гуфт, дар натиҷаи таркиш ва фуруравии қисме аз бинои истиқоматӣ, 5 узви як оилаи тоҷик, ки дар ин ҷо иқомат доштанд, зери харобаҳо монданд.

“Баъд аз чанд соати фоҷеа падари хонавода Шуҳрат Улфатови 26-сола аз зери харобаҳо бо ҷароҳатҳои вазнин дарёфт гардида буд. Шаби 3 январ аз ҷониби наҷотдиҳандагон ҷасадҳои ҳамсари Улфатов Шуҳрат-Раҷабмоҳ Исоеваи 24-сола, фарзандонашон Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсиддини 3-сола аз зери харобаҳо бароварда шуданд”, - иттилоъ дод Иброҳим Аҳмад.

Ӯ афзуд, айни замон ҷасадҳо дар сардхонаи шаҳри Магнитогорск нигоҳ дошта шуда, наздикони фавтидагон қурбониёнро шиносоӣ кардаанд ва масъалаи интиқолашон ба Ватан дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (156)

Мавзӯъҳои асосӣ