15:32 23 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Пограничники Таджикистана, архивное фото

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон як афсари тоҷикро куштанд

© Sputnik / Семиряга
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
511 0 0

Дар рафти задухӯрд бо қочоқчиёни афғон афсари тоҷик маҷрӯҳ шуда, дар натиҷа ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушта шуд, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Гуфта мешавад, гурӯҳи низомиёни тоҷик дар ноҳияи Шоҳин дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон чӯпони  гумшудаеро мекофтанд. Ногаҳон онҳо гурӯҳи қочоқчиёни афғонро мушоҳида карданд. Байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт.

Дар натиҷа майори қӯшунҳои марзбонии КДАМ Суханвар Олимов ба шикамаш тир хӯрд.

Ҳодиса 4 январ  рух додааст. Ҳамроҳони Суханвар Олимов  афсари  маҷрӯҳро ба бемористон интиқол додаанд, аммо ахирон дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳодисаро Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиш мекунад.

Афсари кушташуда сокини вилояти Суғд  ва хатмкардаи Академияи ФСБ Русия будааст. Ӯ ҳамагӣ чанд моҳ пеш дар постгоҳи "Баҳорак" ба кор шурӯъ карда, 34 сол доштааст.

Мавзӯъҳои асосӣ