02:34 21 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Мошини пулис, акс аз бойгонӣ

Хоҳарчаамро ҳанӯз нагирифта, маро хусурбача мегуфт: куштор дар шаби тӯй дар Хатлон

© Sputnik
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2470 0 0

Маъмурини милиса дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, Тухтаев Элёр, як сокини маҳаллиро боздошт карданд, ки дар қатли домодшавандаи 19-солаи хонаводааш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҷиноят 30-юми декабр дар ноҳияи Носири Хусрав рух дода, ҷасади Валиҷон Орифзодаи 19-сола аз ҷӯйбори хоҷагии деҳқонии Шерхони ҷамоати Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав пайдо карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, муайян карда шуд, ки ҷавони марҳум бо роҳи буғӣ кардан кушта шудааст.

Дар пайи корҳои ҷустуҷӯӣ Элёр Тухтаев, хусурбачаи ояндаи ҷавони марҳум боздошт гардидааст. Муттаҳам дар шарҳи даст задан ба ҷиноят гуфтааст, ки Орифзода ҳанӯз хоҳарашро нагирифта, ӯро хусурбача хитоб мекардаасту бо хоҳараш зуд-зуд вомехӯрдааст.

“Шаб дар деҳаи ҳамсоя тӯйи арӯсӣ буд, домодшавандаамон Валиҷон низ дар он ҷо буд. Ӯ дар даст телефон сӯи ман хусурбача мегуфту механдид. Ман аз он, ки ӯ ҳанӯз хоҳарчаамро ба занӣ нагирифтаасту бо ӯ зуд-зуд вомехӯрад, зиёд хашмгин мешудам”, - изҳор дошт Тухтаев.

Ӯ афзуд, ки барои тарсондани домодшаванда бо худ рӯймол гирифтааст, ва он шаб вақте дид Орифзода аз тӯй берун шудааст, аз ақибаш рафта, ӯро буғӣ кардааст.

“Ӯро сахт буғӣ кардам ва вақте дидам, беҳаракат аст, сӯи ҷӯйбор телааш додам”, - гузориш дод ВУД аз қавли Тухтаев.

ВУД таъкид кард, ки феълан алайҳи боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ