19:09 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
474 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷиикстон аз боздошти марди 33-сола хабар дод, ки дар қасдан расондани зарари вазнин ба саломатии бародараш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, боздоштшуда, сокини ноҳияи Фирдавсӣ, ҳанӯз як моҳ қабл бародарашро маҷруҳ кардааст.

Манбаъ афзуд, муттаҳам 24-уми декабри соли 2018, тахминан соати 19:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо бародари 35-солааш муноқиша карда, бо олоти оҳанин якчанд бор ба сараш задааст.

“Дар натиҷа, бародараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Ин ниҳод таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
боздошт, маҷруҳ, латукӯб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ