16:59 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Задержание, архивное фото

Мекушам: шавҳари рашкин дар Ҳисор ҳамсари ҷавонашро се табар зад

© Фото : ЦОС ФСБ РФ
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
66701

Мард бо ҳамсараш, ки 26 сол доштааст, аз рӯи ҳиссиёти рашк ҷанҷол карда, бо мақсади куштан се маротиба ба гарданаш бо табар задааст

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи сӯйиқасд ба ҷони ҳамсар дар шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, 31-уми январи соли 2019, тахминан соати 19:00-дақиқа, марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти М.Турсунзодаи шаҳри Ҳисор дар хонаи истиқоматиаш аз рӯи ҳиссиёти рашк бо ҳамсараш, зани 26-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани ӯ бо табар ба узвҳои ҳаётан муҳим, ба қисми қафои сар ва гарданаш 3-маротиба задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи шаҳри Ҳисор бистарӣ карда шудааст. 
Марди номбурда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ