00:00 19 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Военные учения 201 РВБ в Таджикистане, архивное фото

Бо санг ба тир зад: ВУД таркиш ва ҳалокати Сироҷиддинро дар машқгоҳи пойгоҳи 201 шарҳ дод

© Пресс-служба 201 РВБ
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
310 0 0

Сироҷиддин, ки ба ҷамъоварии оҳанпора машғул будааст, аз майдони машқгоҳ тире пайдо карда барои гирифтани оҳанпораи он бо санг задааст. Дар натиҷа таркиш ба вуҷуд омада, писар ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи ҳалокати мактабхонеро дар размоишгоҳи низомии "Лоҳур"-и пойгоҳи низомии Русияро тавзеҳ дод.

Бино бар иттилои манбаъ, 3 феврали соли 2019, тахминан соати 11:30-дақиқа, Раҷабов Сироҷиддин Нурмаҳмадович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Лоҳур, деҳаи Қосимобод, хонандаи синфи 9-уми МТМУ рақами 90 ноҳияи Рӯдакӣ, дар майдони машқгоҳи (полигони) Қисми ҳарбии 201-воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Лоҳур бо мақсади ҷамъоварӣ кардани оҳанпора рафтааст.

Дар майдони мазкур тири кӯҳнаи гранатамёти пайдо кардаашро барои гирифтани қисмати оҳанпораи он бо санг зарба задааст, ки дар натиҷа таркиш ба вуҷуд омада, ноболиғи мазкур дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ