Ҷавони тоҷик аз ошёнаи 12-ум сарозер шуду зинда монд

© SputnikСтроительство нового дома в Душанбе
Строительство нового дома в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавони 26-солаи тоҷикистонӣ дар Санкт Петербург аз ошёнаи 12-ум афтида, зинда мондааст

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллии Санкт Петербург, ҳодиса шоми 19-уми феврал дар сохтмони маҷмааи истиқоматии “Шувалский деэт” дар кӯчаи Заречний рух додааст.

Калисои рус дар Маскав барои фарзандони муҳоҷирон мактаби ройгон кушодааст

“Ҷавони 26-солаи тоҷик ба гузаргоҳи лифт сарозер шуда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Аз ҷумла майнаи сар, сутунмуҳра, шона ва рони ӯ шикаста, феълан дар шуъбаи эҳёи беморхонаи рақами 3 бистарӣ мебошад”, - иттилоъ додаанд расонаҳои Санкт Петербург.

Расонаҳо бар асоси иттилоияи пешакӣ сабаби рух додани ин нохуширо беэҳтиётӣ мегӯянд, аммо хулосаи ниҳоиро таҳқиқот муайян мекунад.

Лентаи хабарҳо
0