Дуздҳо дастгоҳи назоратиро низ бо худ бурдаанд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкКамера видеонаблюдения, архивное фото
Камера видеонаблюдения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти се ҷавони 18-19-сола хабар дод, ки дар дуздӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ, соҳибкори 31-сола, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, арз доштааст, ки 15-уми феврали соли 2019, тахминан соати 01.30 мағозааш дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳадафи дуздон қарор гирифтааст.

Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи аввали баҳор: обуҳавошиносон борон, барф ва меғро пешгӯӣ карданд

Ба иттилои муроҷиаткунанда, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи тиҷоратиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ маҳсулоти хӯрока, атриёти гуногун ва камераи мушоҳидавии мағозаро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

ВУД афзуд, ки дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 ҷавонписари 18-19-сола, сокинони шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд.

“Феълан ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Лентаи хабарҳо
0