22:19 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Хуршед Азизов, муттаҳам дар латукӯби духтари 23-сола дар Душанбе

Шарҳи боздошти Азизов барои латукӯби духтари 23-сола дар назди тарабхонаи Галаксӣ -видео

дафтари матбуоти РВУД Душанбе
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
433410

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти Хуршед Азизов, муттаҳам дар латукӯби ҷавонзани 23-сола дар пойтахт хабар додааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи иттилоияи РВУД, шоми 1-уми марти соли ҷорӣ, тахминан соати 19:00 дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори латукӯби бераҳмонаи як ҷавондухтари тахминан 20-25-сола аз ҷониби ҷавонписари тахминан 25-сола паҳн гардид.

Манбаъ мегӯяд, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии милиса дар 2 соат нафареро, ки ҷинояти бераҳмонаро нисбати як ҷавонзани 23-сола раво дидаст, муайян ва ба идораи милиса дастрас кард.

“Муайян карда шуд, ки дастгиршуда Азизов Хуршед Абдунаимович, 1 марти соли ҷорӣ тахминан соати 06:00 дақиқаи субҳ дар назди тарабхонаи Галаксӣ, воқеъ дар кӯчаи С.Носири шаҳри Душанбе ба шиносаш, ҷавондухтари 23-сола, сокини шаҳри Душанбе дарафтода, охиронро бо зӯроварӣ ба бағоҷи автомашинаи сабукрави тамғаи Тайота-Кемрӣ, рақами қайди давлатиаш 0436 НН 01 андохтанӣ шуда, мавриди латукӯби шадид қарор додааст”, - омадааст дар иттилоияи РВУД.

Манбаъ афзуд, гумонбаршуда ба кирдори авбошонаи худ идома дода, баъди аз бағоҷи автомашина баровардани ҷабрдида боз дар якчанд маврид ба узвҳои муҳими ҷавондухтар бо дастону пойҳояш задааст.

РВУД таъкид кард, ки феълан алайҳи Азизов Хуршед бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршуда дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ