04:16 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Чуқурии канори роҳ, акс аз бойгонӣ

Садамаи пурқурбонӣ: “Мерседес” бо 5 нафар ба чуқурии 300-метрӣ чаппа шуд

саҳифаи интернетии ширкати IRS
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1595 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз сарозер шудани “Мерседес”-и ҳомили 5 нафар ба чуқурии 300-метрӣ дар ноҳияи Нуробод хабар дод, ки се нафарашон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса 2-юми марти соли 2019, тахминан соати 08:05 дар ҳудуди деҳаи Сичароғи ноҳияи Нуробод рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, Рабиев Муҳаммад, ронандаи 34-сола, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми идораи "Мерседес бенс" дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт-Лахш”, дар ҳудуди деҳаи Сичароғ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 300-метрӣ чаппа шудааст.

“Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофиронаш - Ҳасанов Сиявуш Идибекович, соли таваллудаш 1980, сокини деҳаи Қазноқ ва Нуралиев Ҳоҷивалӣ Назарович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Вардучи ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - омадааст дар иттилоия ВУД.

Ин ниҳод афзуд, ки мусофирони дигари автомашинаи мазкур - Ҳакимов Абдураҳмон, соли таваллудаш 1963 ва Халилов Дилшод Абдулвоҳидович, соли таваллудаш 1981, сокинони ноҳияи Рашт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

ВУД таъкид кард, ки феълан ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ