08:44 25 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Гург, акс аз бойгонӣ

Ҳалокати модару духтари 83 ва 55-сола аз ҳамлаи гургҳо дар Поршневи ВМКБ

© Pixabay
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1637 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ҳамлаи маргбори гургҳо дар ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ хабар дод

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Тавре Умеда Юсупова, сухангӯи КҲФ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ҳамлаи гургҳо субҳи имрӯз тақрибан соати 6:30 рух додааст. Ба иттилои манбаъ, модару духтар, ки солҳои таваллудашон 1936 ва 1964 будааст, ҷон додаанд.

Қурбониёни ҳамла сокинони ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон будаанд.

КҲФ таъкид кард, ки феълан дар ҷои ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият доранд.

Юсупова сокинони навоҳии куҳиро ба эҳтиёткорӣ даъват карда, гуфт ба далели барфбории зиёд гургҳо барои пайдо кардани ғизо ба водиҳо фаромада, эҳтимоли ҳамлаашон ба шаҳрвандон зиёд мебошад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ ҳамлаҳои маргбор ба пиразану кӯдакҳо дар ВМКБ рух медоданд. 

Аз ҷумла соли 2017 дар деҳаи Имом-даргоҳ, яке аз рустоҳои ноҳияи Шуғнон бар асари ҳамлаи гургон кӯдаки 2-сола ба ҳалокат расида буд.

Ҳамлаи маргбори гургҳо дар ҳолест, ки имсол Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон аз боришоти барзиёди барф, махсусан дар навоҳии куҳӣ хабар дод.

Мавзӯъҳои асосӣ