01:55 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Маблағ, акс аз бойгонӣ

Ҷалби милиса барои гирифтани маблағ аз харидори саркаш дар “Султони Кабир”

© Sputnik / Амир Исаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
881 0 0

Эмомалӣ Нуров, тоҷири тоҷик барои гирифтани маблағ аз як харидор, ки молашро гирифтааст, ба милиса муроҷиат кардааст

ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, муроҷиати Нуров ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ 8-уми марти соли равон ворид гардидааст.

Нуров шикоят кардааст, 4-уми январи соли равон дар назди бозори “Султони Кабир” шаҳрванд Саъдӣ Алиахмедов аз ӯ ноқилҳои барқӣ гирифта, маблағашонро то ҳол надодааст. Манбаъ арзиши умумии ноқилҳоро 82 ҳазору 219 сомонӣ гуфтааст.

Ин ниҳод таъкид кард, ки феълан маъмурини милиса барои ҳалли қазияи мазкур чораҳо андешида истодаанд.

ВУД афзуд, Алиахмедов, қаблан низ бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои қаллобӣ суд шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ