20:12 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Занон дар кӯчаи Душанбе, акс аз бойгонӣ

Ғорати ҷавонзан дар пеши хона дар рӯзи ид: 44,7 ҳазор сомониро рабудаанд

Etvesh Stas
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
595 0 0

Зани 34-сола ба идораи милиса шикоят кардааст, ки дар Рӯзи модарон – 8 март дар шаҳри Душанбе ғорат шудааст

ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Сино, сокини пойтахт, соли таваллудаш 1985 муроҷиат карда, изҳор доштааст, ки 8 март 44 ҳазору 700 сомонии ӯро аз дасташ рабудаанд.

Ӯ афзудааст, ки нафари номаълум тақрибан соати 19:30-дақиқа, дар назди бинои №83-и кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 44 ҳазору 700 сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

ВУД афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-сола, сокини кӯчаи Ҷаббор Расулови Душанбе бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Мақомоти умури дохилӣ таъкид карданд, ки феълан ин қазия мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ