10:41 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Поси хотири қурбониёни суқути ҳавопаймо дар Ҳабашистон

Парчамфарорӣ дар Душанбе барои поси хотири қурбониёни суқути ҳавопаймо дар Ҳабашистон-акс

© Facebook / United Nations in Tajikistan
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
601 0 0

Парчами Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе барои поси хотири қурбониёни суқути ҳавопаймои Ethiopian Airlines дар Ҳабашистон поин оварда шуд

ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Тибқи иттилои намояндагии СММ дар Тоҷикистон дар ин сонеҳа 157 нафар, аз ҷумла 20 корманди барномаҳои гуногуни СММ ба ҳалокат расиданд.  

Пратибха Мехта, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон гуфт, ин талафоти бузургест ва ҳеч сухани тасаллобахше қодир нест, ки дарди наздикони қурбониёнро кам кунад.

  • Пратибха Мехта, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон
    В офисе ООН в Душанбе приспущен флаг в знак скорби по погибшим в результате крушения самолёта в Эфиопии
  • Парчамфарорӣ дар дафтари СММ дар Душанбе барои поси хотири қурбониёни суқути ҳавопаймо дар Ҳабашистон
    В офисе ООН в Душанбе приспущен флаг в знак скорби по погибшим в результате крушения самолёта в Эфиопии
1 / 2
В офисе ООН в Душанбе приспущен флаг в знак скорби по погибшим в результате крушения самолёта в Эфиопии

Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои “Ethiopian Airlines” дар Ҳабашистон, ки субҳи якшанбе аз Аддис Абеба ба Найробӣ парвоз дошт, 149 мусофир аз 35 кишвари ҷаҳон ва 8 тан халабону хидматрасонҳо ба ҳалокат расиданд

Бино ба гузориши расонаҳои хабарӣ, дар ҳавопаймо шаҳрвандони Кения, Канада, Ҳабашистон, Итолиё, Чин, ИМА, Бритониёи Кабир, Фаронса, Миср, Олмон, Ҳиндустон, Словакия, Австрия, Шветсия, Русия, Марокаш, Испания, Исроил, Лаҳистон, Белгия, Сербистон, Норвегия, Ирландия, Индонезия, Яман, Уганда, Руанда, Судон, Сомалӣ, Того, Мозамбик, Тунис, Арабистони Саудӣ, Ҷибутӣ, Непал ва Нигерия парвоз мекарданд.

Мавзӯъҳои асосӣ