Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Куканиев барои марги 9 ҳамдеҳааш

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото
Здание Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи Арабшо Куканиев, сокини деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз барои марги 9 сокини ин деҳа хабар дод

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Тибқи иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон, ки зери унвони “Худбоварӣ боиси марги 9 нафар гардид”, нашр шудааст, парванда алайҳи Куканиев бар асоси моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ оғоз гардидааст. Ин банд ҷавобгарии ҷиноӣ барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро, ки боиси марги зиёда аз 2 нафар шудааст, пешбинӣ мекунад.

Мошини газкаш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба дарё сарозер шуд - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи пурқурбонӣ: “Мерседес” бо 5 нафар ба чуқурии 300-метрӣ чаппа шуд

Ба иттилои Додситонии кул, Куканиев рӯзи 29 январи соли равон соати 17:00 дар мошини “Опел-астра”-аш, ки барои 6 нафар пешбинӣ шудааст, 9 сокинони деҳаи Курговадро савор карда,  дар шоҳроҳи самти Душанбе-Қалъаихум-Хоруғ ба ҳаракат медарояд.

“Ҳангоми ҳаракат дар километри 389-уми ин шоҳроҳ дар ҳудуди деҳаи Вишхарв ба садама дучор шуда, ба дарёи Панҷ меафтад. Дар натиҷаи ин садама дар ҷойи ҳодиса 9 нафар ба ҳалокат расида, худи ронанда Куканиев ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст”, - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки додситони Дарвоз тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи Куканиевро ба зиммаи муфаттишони Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар ВМКБ вогузор кардааст. Ба Куканиев то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Знак аварийной остановки - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати аъзои оилаи Ахмедовҳо дар садама бо айби ронандаи мошини муқобил

Додситонии кулли Тоҷикистон соли таваллуди ронандаро 1996 гуфтааст, аммо дар иттилоияи қаблии ВУД соли таваллуди Куканиев 1969 зикр шуда буд.

ВУД қаблан дар мавриди ин фоҷиа хабар дод, ки  ронандаи “Опел-Астра”, Куканиев Арабшо, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Қалъаи хумб-Хоруғ, дар ҷамоати деҳоти Вишхарв аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Панҷ чаппа шудааст.

Манбаъ иттилоъ дода буд, ки дар натиҷа мусофирони худрав - Худододов Суҳроб Мамаднабиевичи 41-сола, Маъзамова Бунафша Бороновнаи 44-сола, Маъзамова Маҳина Бороновнаи 29-сола, Абдуллозода Алиҷони Орзӯи 6-сола, Ҷалолова Гуландом Саидраҳмоновнаи 37-сола, Давлатзода Абубакри 7-сола, Давлатзода Нигинаи 6-сола, Давлатзода Усмони 3-сола, Давлатзода Умари 4-сола сокинони деҳаи Курговад ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Лентаи хабарҳо
0