ВУД аз садамаи дигари маргбор бо иштироки донишҷӯи “Лексус”-савор хабар дод

© © Sputnik / Амир ИсаевПриветственная арка перед въездом в город Куляб. архивное фото
Приветственная арка перед въездом в город Куляб. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи дигари маргбор бо иштироки ронандаи ҷавони “Лексус-350” хабар дод

ДУШАНБЕ, 25 мар - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса рӯзи 23-юми март, тахминан соати 05:50-дақиқа рух дод.

Садамаи пурқурбонӣ дар маркази Душанбе бо иштироки Кабир Кабиров, сокини 18-солаи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ҷиноии №4070 алайҳи писари 18-солаи соҳиби “Султони Кабир”: шарҳи ВУД

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-350”, Ҷалолов Исфандиёр Сайдамирович, соли таваллудаш 1996, донишҷӯи соли 3-юми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Мӯъминобод, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи И.Сомонии шаҳри Кӯлоб ба самти дарвозаи шаҳри Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Раҳмонов Шодихон Назарович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Кӯлобро пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоия. 

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин 23-юми март дар шаҳри Душанбе низ садамаи пурқурбонӣ бо иштироки донишҷӯи ҷавон ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилои Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, шоми 23 марти соли ҷорӣ, тахминан соати 22:06, ронандаи автомашинаи тамғаи "Лексус-450" рақами қайди давлатиаш 1555 КК 01, Кабиров Кабир Авазхонович, соли таваллудаш 02.11.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, суръати ҳаракатро баланд карда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Перевернувшийся грузовик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷароҳати 8 шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи садама дар вилояти назди Маскав

“Кабиров ҳангоми ҳаракат тавассути хиёбони Рудакӣ, аз тарафи кӯчаи Шоҳтемур ба самти кӯчаи Бухоро дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии сохтмонаш нотамоми Хадамоти алоқа бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, аввал ба деворчаи бетонии канори роҳ ва баъдан ба симчӯби оҳанини канори рости роҳбуда бархӯрдааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур Саидов Саидҷаъфар Бахтиёрович, соли таваллудаш 2000 ва Саҳобиддинзода Некзод Мисриддин, соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидаанд.

“Худи ронанда Кабиров Кабир Авазхонович ва мусофири дигари автомашина Убайдуллоев Саидвалӣ Умаралиевич, соли таваллудаш 2000 бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд”, - илова намуд раёсати ВУД Душанбе.

Лентаи хабарҳо
0