Далла ноболиғро ҷалб кард, падар ба писар корд зад ва кӯдаки 4-сола зери чархи мошин монд

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Турсунзода зане духтараки наврас - 17-соларо ба муносибатҳои маҳрамона ҷалб кардаст. Дар Мӯъминобод падару писар ҷанҷол карданд, ки дар пайи он падар ба писар корд зад. Дар шаҳри Душанбе кӯдаки 4-солае аз ноӯҳдабарории ронанда зери чархи мошин ҷон додааст

ДУШАНБЕ, 29 мар - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаҳои криминалии рӯзҳои наздик дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хабар додааст. 

Тибқи иттилои манбаъ, дар шаҳри Турсунзода зане ба иттиҳоми даллагӣ боздошт шудааст, ки духтараки наврас - 17-соларо ба муносибатҳои маҳрамона ҷалб кардаст. Дар Мӯъминобод падару писар ҷанҷол карданд, ки дар пайи он падар ба писар корд зад. Дар шаҳри Душанбе кӯдаки 4-солае аз ноӯҳдабарории ронанда зери чарх мошин ҷон додааст.

Боздошти зан ба иттиҳоми даллагӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 34-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони даллагӣ дастгир карда шуд.

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи 8-уми март зани ҷавоне дар Исфара ба иттиҳоми даллагӣ боздошт шуд
 

Номбурда, бо мақсади алоқаи ҷинсӣ намудан, шаҳрвандон марди 27-сола ва навраси 17-солаи сокинони шаҳри Турунзодаро бо ҳам шинос намуда, аз онҳо 300-сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст. 
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Падар ба писар се корд зад

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 65-солаи сокини деҳаи Ғешти ноҳияи Муъминобод бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, рӯзи 27-уми марти соли 2019, тахминан соати 17:30-дақиқа, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо писари 33-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 3-маротиба ба баданаш задааст.
Дар натиҷа, писараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст. 
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ин чӣ шӯрест: кордкашии бародар ба бародар дар Исфара

Зери чархи мошин ҷон додани кӯдаки чорсола

Рӯзи 28-уми марти соли 2019, тахминан соати 17:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-5312”, Раҳмонов Маҳмадраҷаб Баглонович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Навбаҳор ба самти кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Ёрбеков Самир Комилҷонович, соли таваллудаш 2015, сокини кӯчаи Навбаҳорро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, хурдсол Ёрбеков С.К. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0