21:37 23 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Боевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане

Ҳуҷуми толибон ба кортежи ноиби аввали раисҷумҳур

© AFP 2019 / NOORULLAH SHIRZADA
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
708 0 0

Ҳуҷуми толибон рӯзи шанбе замоне рух дод, ки кортежи Дустум аз вилояти Балх ба Ҷузҷон мерафт. Ноиби аввали раисҷумҳури Афғонистон дар ин ҳуҷум зараре надид.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҷангҷӯёни гурӯҳи "Толибон" ба кортежи ноиби аввали президенти Афғонистон Абдулрашид Дустум ҳуҷум карданд. Дар паи он як побони ноиб ҳалок гардида ду тани дигар захмӣ шуданд.

Дар ин бора шабакаи Tolo News бо такя ба ёвари раисҷумҳур Канишку Туркистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳуҷуми толибон рӯзи шанбе замоне рух дод, ки кортежи Дустум аз вилояти Балх ба Ҷузҷон мерафт. Ноиби аввали раисҷумҳури Афғонистон дар ин ҳуҷум зараре надид.

Вале ду посбони ноиб захмӣ шуданду якеи дигар қурбон.

Пештар хабар дода шуд, ки пас аз задухӯрди 20-соата толибон округи Арганҷро, ки дар вилояти Бадахшони Афғонистон дар марз бо Тоҷикистон воқеъ аст, забт кардааст.

Дар ин задухӯрд на кам аз 14 кас аз ҷониби мақомоти қудратии Афғонистон қурбон шудаву на кам аз даҳ кас захм бардоштааст.

Мавзӯъҳои асосӣ