03:48 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Сейсмический график, архивное фото

Тоҷикистонро заминларзаи 4,3 баллӣ такон дод

© AP/ Marco Ugarte
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
773 0 0

Маркази заминларза 725 километр шарқтар аз шаҳри Алмаато воқеъ шудааст. Замин бо қувваи 4,3 балл ҷунбидааст.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзи якшанбе соати 16:51 бо вақти маҳаллӣ заминларза рух додааст. Дар ин бора маркази зилзиласанҷии Вазорати маорифи Қазоқистон хабар медиҳад.

Қайд мешавад, ки қувваи заминҷунбӣ 4,3 баллро ташкил кардааст.

Маркази заминларза 725 километр шарқтар аз шаҳри Алмаато, дар ҳудуди Тоҷикистон воқеъ шудааст. Замин бо қувваи 4,3 балл ҷунбидааст.

Дар натиҷаи  заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ  ба қайд гирифта   нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки 20 феврали соли равон дар Тоҷикистон дар давоми даҳ дақиқа ду заминҷунбӣ ба миён омада буд.

Бино бар иттилои Хадамоти геофизикии Академияи улуми Тоҷикистон, дар наздикии шаҳри Ваҳдат ду заминҷунбӣ дар соати 6:25 ва 6:35 ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки маркази заминҷунбӣ 22 ва 19  километри ҷанубу шарқи пойтахт дар минтақаи Ваҳдат сурат гирифта буд.

Шиддати аввалин заминҷунбӣ  3 балро ташкиллл медод, аммо шиддати дувуми заминҷунбӣ сахттар буд ва тақрибан 4 балро ташкил медод.

Шиддати заминҷунбӣ дар Душанбе 2-3 балла ва 3-4 балро ташкил медод.

Мавзӯъҳои асосӣ