Шарҳи ВУД аз садамаи мудҳиш ва ҳалокати 5 мусофир дар Сари Хосор - Акс аз ҷои ҳодиса

© МВД РТДТП в Балджуване
ДТП в Балджуване - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорат менависад, ки ронандаи "Урал-43202" Шарофиддин Шовалӣ тавассути талу теппаҳое, ки барои ҳаракат пешбинӣ нашудаанд, ҳаракат карда, дар натиҷа аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, мошинро чаппа кардааст. Дар пайи ҳодиса 5 нафар ҳалок шуданд

ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи мудҳиши маргбор дар деҳаи Сари Хосори ноҳияи Балҷувонро шарҳ додааст, ки дар натиҷа 5 тан ҳалок ва 9 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Манбаъ таъкид мекунад, ки ронандаи "Урал-43202" автомашинаро тавассути талу теппаҳое, ки барои ҳаракат пешбинӣ нашудаанд, ронда, дар натиҷа аз ӯҳдаи идораи он набаромадааст.

Гуфта мешавад, рӯзи 8-уми апрел, тахминан соатҳои 14 ба 15 дар мавзеи деҳаи Дошмандии ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ронандаи автомашинаи тамғаи "Урал-43202", Шарофиддини Шовалии 28-сола, сокини ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат бо таллу теппаҳое, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт пешбинӣ нашудааст, аз деҳаи Сари Мазор ба самти ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи мазкур дар деҳаи Дошмандӣ, ҳангоми баромадан ба баландии теппа, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафо ҳаракат намуда, воситаи нақлиётро чаппа кардааст.

"Дар натиҷа, мусофирони дар бордони автомашина буда, Саъдиев Зарифи 69-сола, Ҳафизов Эмомалии 61-сола, Воҳидова Шаъмигули 63-сола - сокинони деҳаи Шаҳидон, Неъматов Мирзохони 67-сола ва Назаров Муродалии 67-сола - сокинони деҳаи Зоғон, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Кадры разрушенных домов после землетрясения в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон
Чаро даҳҳо хона дар Балҷувон фурӯ рехт: шарҳи КҲФ

Ҳамин тавр, 9 мусофири дигар, ки дар ордони автомашина буданд - Саидов Исуф, соли таваллудаш 1976, сокини деҳаи Шаҳидон, Сайрамбии Шариф, соли таваллудаш 1993, сокини деҳаи Боғи Зоғон, Ибодати Абдураҳмон, соли таваллудаш 1998, сокини деҳаи Моҷак, ноболиғ Оишамои Ҷумахон, соли таваллудаш 2014, сокини деҳаи Боғи Зоғон, Носиров Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Шаҳидон, Муҳаббатов Солеҳ, соли таваллудаш 1949, сокини деҳаи Шипдара, Маҳмадиев Марзон, соли таваллудаш1956, сокини деҳаи Шаҳидон, Саидова Сабоҳат, соли таваллудаш 1972, сокини деҳаи Шипдара ва Давлатзода Ҷурахон, соли таваллудаш 1954, сокини ноҳияи Леваканд ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои Тоҷикистон менависанд, ки 3 нафари ҷароҳатбардоштагон дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Гуфта мешавад, сокинони Сари Хосор аз мушкилии надоштани роҳи автомобилӣ то деҳа азият мекашанд ва бо ҳамин далел то аз автомашинаҳои боркаш ба монандаи "Урал-43202" истифода мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0