Каримов бо “Волсваген”, чароғак ва “камераҳо”-ро дар маркази Душанбе зад - аксҳо

© РВУД ДушанбеФаррух Каримов бо “Волсваген”, чароғак ва “камера"-ҳоро дар маркази Душанбе корношоям кард
Фаррух Каримов бо “Волсваген”, чароғак ва “камера-ҳоро дар маркази Душанбе корношоям кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе мегӯянд, Фаррух Каримов, ронандаи 28-солаи “Волсваген-Голф” дар маркази пойтахт чароғак ва дурбинҳои назоратиро корношоям кардааст

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Тибқи иттилои раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, ҳодиса шоми 12-уми апрел  тахминан соати 17:50 дақиқа рух дод.

© сомонаи РВУД ДушанбеФаррух Каримов бо “Волсваген”, чароғак ва “камера"-ҳоро дар маркази Душанбе корношоям кард
Каримов бо “Волсваген”, чароғак ва “камераҳо”-ро дар маркази Душанбе зад - аксҳо - Sputnik Тоҷикистон
Фаррух Каримов бо “Волсваген”, чароғак ва “камера"-ҳоро дар маркази Душанбе корношоям кард

“Ронандаи автомашинаи тамғаи Волсваген-Голф, рақами қайди давлатиаш 1212 КО 01 Каримов Фаррух Набиевич соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷавонон, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Шерозӣ ба самти кӯчаи Турсунзода, дар чорроҳаи Рӯдакӣ – Шоҳтемур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чароғаки раҳнамо ва сутуни камераи мушоҳидавии канори роҳ бархӯрдааст”, - тавзеҳ дод РВУД дар Душанб.

© сомонаи РВУД ДушанбеФаррух Каримов бо “Волсваген”, чароғак ва “камераҳо”-ро дар маркази Душанбе корношоям кард
Каримов бо “Волсваген”, чароғак ва “камераҳо”-ро дар маркази Душанбе зад - аксҳо - Sputnik Тоҷикистон
Фаррух Каримов бо “Волсваген”, чароғак ва “камераҳо”-ро дар маркази Душанбе корношоям кард

Манбаъ афзуд, дар натиҷаи бархӯрд, ҳам воситаи нақлиёт ва ҳам чароғаки раҳнамою  дурбинҳои мушоҳидавӣ шикаста, корношоям гардидаанд.

“Дар мавриди ин ҳодиса маводи лозима тартиб дода шуда, ҷиҳати маълум намудани сабабу омилҳои он таҳқиқ идома дорад”, - таъкид кард РВУД Душанбе.

Лентаи хабарҳо
0