15:19 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Болғаи додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Қатли хоҳари мактабхон барои "беобрӯ кардани оила" ва кумаки падар: ҳукми додгоҳи Суғд

© Sputnik / Андрей Старостин
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1062 0 0

Додгоҳи вилояти Суғд Толибҷон Ашӯрқуловро дар қатли хоҳари ноболиғаш гунаҳкор дониста, ба 18 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон Ашӯрқулов Толибҷон, хоҳари ноболиғаш Ашӯрқулова Орзугул, соли таваллудаш 2001, хонандаи синфи 11-и мактаби №42-и шаҳри Истаравшанро ба қатл расондааст.

Манбаъ мегӯяд, Толибҷон дар манзили истиқоматиашон дар ҷамоати деҳоти Зарҳалол, деҳаи Ободдара хоҳараш Орзугулро дар паст задани обрӯйи хонавода муттаҳам карда, бо халтаи “синтетикӣ” духтари наврасро буғӣ карда, куштаст. Додситонӣ афзуд, ки сипас Ашӯрқулов барои пинҳон кардани ҷасад сарро аз тан ҷудо кардааст.

“Падари хонавода Ашӯрқулов Боҳодур аз ин ҳодиса хабардор шуда, ба писараш  кумак расонда, ҷасади духтарашро ба бордони автомашинаи шахсиаш, тамғаи "Опел-вектра" бор карда, ба заминҳои даштии ҳудуди деҳаи Ободдара бурда, пинҳон кардаанд”, - омадааст дар иттилоияи Додситонии кул.

Қаблан мақомоти умури дохилии Тоҷикистон гузориш дода буданд, ки ҳодиса моҳи ноябри соли 2018 баъди он рух додааст, ки Ашӯрқулов маълумоти бардурӯғ дар бораи бо мардони бегона муносибатҳои шаҳвонӣ доштани хоҳарашро шунида, инро мояи шармандагии хонаводааш донистааст. Ҳодиса моҳи декабр, баъди пайдо кардани ҷасад ошкор шудааст.

Додситонии шаҳри Истаравшан баъди анҷоми тафтиши парванда онро ба додгоҳои вилояти Суғд ирсол кардааст ва ахиран бо ҳукми додгоҳ Толибҷон Ашӯрқулов ба 18 соли зиндони низомаш сахт маҳкум гардид.

Мавзӯъҳои асосӣ