09:35 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Хатти интиқоли барқ, акс аз бойгонӣ

Қасди худкушии марди 53-сола дар болои симчӯби барқ дар Душанбе

© Sputnik / Сергей Мальгавко
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
458 0 0

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби қасди худкушӣ кардани як марди 53-соларо дар пойтахт таҳқиқ мекунанд

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ имрӯз бо нашри як иттилоия хабар дод, ки марди 53-сола дар шаҳри Душанбе қасди худкушӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, сокинони ноҳияи Сино ба ин ниҳод хабар додаанд, ки як мард ба симчӯби барқ баромада, мехоҳад, худро ба замин андозад.

Наҷотбахшон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ин мардро, ки мехостааст, дар пеши чашми мардум худкушӣ кунад, наҷот додаанд.

Ба иттилои Кумита, марди мазкур, сокини 53-солаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, дар ҳолати мастӣ қарор доштаст.  

“Ангезаи қасди худкушӣ маълум нест. Ҳоло кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талош доранд бифаҳманд, ки чӣ ин мардро водор кардааст, ки дил аз ҳаёт бишӯяд”, - омадааст дар иттилоияи КҲФ.

Мавзӯъҳои асосӣ