23:38 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Пожар в соборе Парижской Богоматери

Сабаби хомӯш нашудани сӯхтор дар Нотр Дам муайян шуд

© Sputnik / Доминик Бутен
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
489 0 0

Раҳбари гурӯҳи оташнишонони Порис Жан-Клод Галле гуфт, ки соатҳои наздик дар хомӯш кардани сӯхтор ниҳоӣ хоҳанд буд

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Оташнишонон соатҳои зиёд наметавонанд, сӯхтори мудҳиш дар калисои Порис-Нотр Дам-де-Париро хомӯш кунанд.

Лоран Вибер сухангӯи пешини мақомоти оташнишонӣ ба шабакаи BFМ сабабашро аз сақфи калисо сар задани оташ, гуфт.

Вибер қайд кард, ки дар дохили калисо қоидаҳои бехатарӣ ҷиддӣ риоя мешуданд ва оташнишонон бо сохтори бино хуб ошноянд. 

"Ин сохтмон барои оташнишонон хуб ошно аст. Муносибат нисбати ин бино чун ганҷи миллӣ-аз ҷиҳати риояи қоидаҳои зидди сӯхтор бисёр ҷиддӣ буд",-гуфт ӯ.

Ба қавли Вибер сабаби аслии хомӯш карда натавонистани оташ, аз боло, аз сақфи бино сар задани он аст.

Сӯхтори мудҳиш дар калисои Норт Дам, тақрибан соати 20:00 бо вақти Маскав (22:00 бо вақти Душанбе), шаби 15 апрел сар зад. 

Дар паи ин сӯхтор сақфи калисо пурра хароб ва соати Нотр-Дам-де-Пари вайрон шудааст. 

Ба гуфти муовини раиси шаҳри Порис Эмманюэл Грегуар, дар паи сӯхтор сохторҳое нест шуданд, ки пайдоишашон ба асрҳои XIII ва XIX рост меояд.

Мақомот хабар доданд, ки дар паи ин сӯхтори мудҳиш касе осеб надидааст.

Барои хомӯш кардани оташи калисо беш аз 400 оташнишон фаъол аст.

Мавзӯъҳои асосӣ