21:06 15 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мошини ёрии таъҷилӣ, акс аз бойгонӣ

Рашки зану авбошӣ: ВУД аз 2 кордкашии хунин хабар дод

© Sputnik / Евгений Биятов
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
323 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду ҳолати кордкашии хунин хабар дод, ки дар пайи рашку авбошӣ рух додаанд

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, аз ҷумла зани 38-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов боздошт шудааст, ки бо сабаби рашк ба қафаси синаи шавҳари аз худ ҷавонтараш корд задааст.

“Номбурда, рӯзи 8-уми апрели соли 2019, тахминан соати 13:00, дар ҳавлии истиқоматиашон аз сабаби рашк бо шавҳараш, марди 37-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба қафаси синааш задааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, шавҳараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ба иттилои ВУД, алайҳи зани боздоштшуда бо иттиҳоми таҳдиди куштан ва расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, бар асоси моддаи 120 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Инчунин ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст.

Ӯ арз доштааст, ки 15-уми апрели соли 2019, тахминан соати 21:00, ҳангоми дар хонаи истиқоматии зани 34-солаи зодаи ноҳияи Муъминобод, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе қарор доштан, аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷанҷол намуда, бо корд ду маротиба ба шикамаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ