21:34 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Пайомади садамаи қубури газ дар Душанбе

Расиши ноқилҳо набудаст: Ҳукумати Душанбе сабаби таркишро гуфт

© МВД РТ
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1263 0 0

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, сӯрохӣ дар қубури фарсудаи газ боиси садама дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт шудааст

ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. Ҳукумати пойтахт аз қавли ҷамъияти "Душанбегаз" иттилоъ дод, ки 24 апрели соли 2019, соати 21:00 дар қубури газгузари Д-133, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур садама рух дод.

Манбаъ афзуд, ки пайомадҳои садама дар як муддати кӯтоҳ бартараф карда шуданд.

“Мутахассисони соҳа сабаби сар задани садамаро дар сӯрох гардидани қубури газгузар маънидод намудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Шаҳрдории Душанбе таъкид кардааст, ки қубурҳои газгузар дар ин минтақа аз соли 1974  инҷониб мавриди истифодабарӣ  қарор доранд ва бар асари садама касе осеб надидааст.  

Вазорати  умури дохилии Тоҷикистон қаблан иттилоъ дод, ки дар натиҷаи боришоти зиёди борон яке аз чоҳҳои амудӣ пур аз об шуда,  ба ноқилҳои баландшиддати қувваи барқ, ки аз зери замин мегузаштанд об расида, расишҳои кӯтоҳи барқӣ ба амал омад.

Манбаъ изҳор дошта буд, ки дар пайи ин садама  5 метр роҳи пиёдагард хароб шуда, ягон нафар аз шаҳрвандон ҷароҳат набардоштааст.

Мавзӯъҳои асосӣ