03:08 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Садама, акс аз бойгонӣ

Пурқурбонитарин садама дар Суғд: ВУД Раҳимовро гунаҳкор медонад - видео

© Фото: МВД РТ
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
6857 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон пурқурбонитарин садама аз оғози соли равон дар Суғдро, ки 5 кушта ва 7 маҷруҳ барҷой гузошт, бо гузашти наздики 10 рӯз шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik.Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, садамае, ки 16-уми апрел дар роҳи Хуҷанд – Конибодом рух дод, сермаргтарин дар соли равон дар вилояти Суғд мебошад ва сабабаш ҳаракат бо суръати аз меъёр зиёд мебошад.

ВУД дар охири гузориши ҳафтаинааш хабар дод, ки Акбар Раҳимов, сокини 33-солаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ронандаи “Мерседес бенс”, ҳангоми ҳаракат дар километри 34-уми шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом, суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, ба самти муқобили ҳаракат баромадааст. ВУД тавзеҳ дод, ки дар натиҷа “Мерседес бенс”-и Раҳимов бо суръати баланд аввал ба автомашинаи “Daewoo Cielo” ва баъдан ба сабукрави “Опел” бархӯрдааст.

“Дар натиҷа 5 нафар - ронандаи автомашинаи “Daewoo Cielo”, бо ду мусофир, аъзои як оила ва ду мусофири автомашинаи “Мерседес бенс” ба ҳалокат расиданд. Ҳафт нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд”, - омадааст дар гузориши ВУД Тоҷикистон.

Ин ниҳод таъкид кард, ки алайҳи Акбар Раҳимов бар асоси моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз шуда, феълан худи ӯ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ