Боздошти ҷавони 20-сола дар Ҳисор бо иттиҳоми қасди қатли ҳамшаҳраш

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 20-сола, сокини шаҳри Ҳисор бо иттиҳоми сӯиқасди куштор хабар дод

ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, боздоштшудаи 20-сола 27-уми апрели соли 2019, тахминан соати 23:00, дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор бо марди 37-солаи сокини деҳаи Муъминободи шаҳри мазкур ҷанҷол кардааст.

РВУД Душанбе мегӯяд, ҳолати сабтшуда дар навор на облава, балки боздошти муттаҳамон дар майдаавбошӣ буд - Sputnik Тоҷикистон
Вокуниши ВУД: видеои “облава” не, боздошти майдаавбошон буд

Манбаъ афзуд, ки зимни муноқиша муттаҳами ҷавон ба марди 37-сола дарафтода, бо корд як бор ба қисми пеши гардан ва 5-6 маротиба ба қисми пушти гарданаш зарба задааст.

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД Тоҷикистон.

Ин ниҳод таъкид кард, ки феълан парвандаи ҷиноӣ алайҳи боздоштшуда бо иттиҳоми сӯиқасди куштор оғоз шуда, тафтиш идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0