Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Путин ва наздикони ҳалокшудагон дар Шереметово

© Foto / Agency "Moskva"Самолет авиакомпании "Аэрофлот" Superjet 100, вернувшийся во время рейса Москва - Мурманск в аэропорт Шереметьево из-за возгорания на борту
Самолет авиакомпании Аэрофлот Superjet 100, вернувшийся во время рейса Москва - Мурманск в аэропорт Шереметьево из-за возгорания на борту - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои русиягияш, Владимир Путин паёми ҳамдардӣ фиристод

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи тасаллияташ ба Путин аз ҳалокати даҳҳо нафар дар фурудгоҳи Шереметова изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Родственники и близкие пассажиров самолета Sukhoi Superjet-100 - Sputnik Тоҷикистон
Қурбонбекзода ва Искандаров Наврӯз: нашри рӯйхати ҳалокшудагон дар Шереметово - видео

“Аз ҳодисаи нохуш зимни фуруди ҳавопаймои мусофирбар дар фурудгоҳи Шереметово, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд, амиқан андуҳгинам”, -  изҳор доштааст раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Раҳмон дар хитоб ба Путин афзудааст, ки ба шумо ва халқи дӯсти Русия дар робита ба ин фоҷиа изҳори тасаллият мекунам. Ӯ аз Путин хостааст, ки ҳамдардияшро ба наздикони ҳалокшудагон расонад.

Мақомоти тафтишотии Русия ҳалокати 41 нафарро дар пайи фуруди изтирории “Sukhoi Superjet 100” дар фурудгоҳи Шереметево тасдиқ карданд. Ба иттилои РИА Новости, аз 78 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо қарор доштаанд, 37 нафар, аз ҷумла 33 мусофиру 4 узви ҳайати халабонҳо наҷот ёфтаанд.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бархӯрди маргбор дар деҳаи Сешанбе ду куштаю 4 маҷруҳ барҷой гузошт

Дар феҳрасти ҳалокшудагон, ки расонаҳои Русия нашр намудаанд, номгузориҳои хоси тоҷикон, аз ҷумла Қурбонбекзада Фатҳуддини Мирзобек ва Наврӯз Искандаров ҷой доранд, аммо расман то ҳол дар бораи атбо, ё зодагони Тоҷикистон миёни қурбониёни ин садама иттилое ироа нашудааст.

Ҳавопаймои “Sukhoi Superjet 100” шоми 5 май аз Маскав сӯи Мурманск баланд шуд, аммо баъди 28 дақиқаи парвоз ба Шереметево баргашт. Ҳайати халабонҳо изҳор доштаанд, ки дар пайи зарбаи раъду барқ дастгоҳҳои электронии ҳавопаймо корношоям шуда, онҳо водор ба бозгашти изтирорӣ ба Маскав шудаанд. Зимни нишасти изтирорӣ ва бархӯрд ба замин дастгоҳи чархаи ҳавопаймо шикаста, қисмати қафои ҳавопаймо аз соиш бо замин оташ гирифтаст.  

Дар пайи ин фоҷиа дар вилояти Мурманск се рӯз мотам эълон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0