07:59 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Машина скорой помощи в России, архивное фото

Заҳролудшавии шаш духтари узбак дар Русия

© Sputnik / Стас Этвеш
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
31401

Шаш духтари узбакистонӣ дар яке аз манзилҳои хусусӣ ба сар мебурданду дар ширкате кор мекарданд

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар ноҳияи Нуримонови Ҷумҳурии Бошқирдистон шаш духтари узбакистонӣ бо гази карбон заҳролуд шудаанд.

Дар ин бора Sputnik Узбакистон бо такя ба Вазорати умури хориҷаи ин кишвар хабар медиҳад.

Қазия, шаби 4 май ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳамаи духтарон дар яке аз манзилҳои хусусӣ ба сар мебурданд.

Ба иттилои манбаъ, духтаронро дарҳол дар беморхона бистарӣ кардаанд.

Ин хабарро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Бошқирдистон низ тасдиқ кардааст. Духтарони заҳролудшударо ба беморхонаи марказии ноҳияи Нуримонов бурдаанд.

Хушбахтона дар паи ташхис маълум шудааст, ки ба саломатии духтарон чизе таҳдид намекунад ва дар ояндаи наздик муҳоҷирон аз беморхона ҷавоб дода хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар Маскав заҳролудшавии оммавии муҳоҷирон ба қайд гирифта шуд.

Дар Узбакистон ду кас барои айфон ҷон бохтаанд

Он замон ба беморхонаи рақами 1 Любертси, 23 муҳоҷири тоҷик бо нишонаҳои заҳролудшавӣ бистарӣ шуданд, ки якеашон мутаассифона ҷон бохта буд.

Мавзӯъҳои асосӣ