Нуқси техникӣ ё касбияти паст: Кумитаи тафтишотии Русия сабабҳои эҳтимолии сӯхторро гуфт

© Следственный комитет РФНа месте катастрофы сгоревшего самолета в аэропорту Шереметьево
На месте катастрофы сгоревшего самолета в аэропорту Шереметьево - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи тафтишотии Русия панҷ сабаби сар задани сӯхторро дар ҳавопаймои Sukhoi Superjet 100 дар Шереметово пешбинӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Муфаттишон чанд сабаби сӯхтори ҳавопаймои Sukhoi Superjet 100 дар Шереметоворо пешбинӣ мекунанд, гуфт намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии Русия Светлана Питренко.

Эҳтимол дорад, ки яке аз сабабҳои фоҷиа касбияти пасти халабонон ва диспечер бошад. Дар баробари ин қазияи нуқси техникии ҳавопаймо низ аз эҳтимол дур нест.

Самолет авиакомпании Аэрофлот Superjet 100, вернувшийся во время рейса Москва - Мурманск в аэропорт Шереметьево из-за возгорания на борту - Sputnik Тоҷикистон
Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Путин ва наздикони ҳалокшудагон дар Шереметово

Ҳамчунин намояндагони Кумитаи тафтишотӣ, сабаби дигарро касбияти пасти нозирони қисми техникии ҳавопаймо, (ки пеш аз парвоз санҷиш мегузароннад) медонанд.

Ором! навор аз дохили ҳавопаймои оташгирифта дар Шереметово – видео

Номусоидии боду ҳаво ва расиши раъду барқ ба ҳаопаймо низ яке аз далелҳои сӯхтор номбар мешавад.

Ҳавопаймои “Sukhoi Superjet 100” шоми 5 май аз Маскав сӯи Мурманск баланд шуд, аммо баъди 28 дақиқаи парвоз ба Шереметево баргашт.

Қурбонбекзода ва Искандаров Наврӯз: нашри рӯйхати ҳалокшудагон дар Шереметово - видео

Ҳайати халабонҳо изҳор доштаанд, ки дар пайи зарбаи раъду барқ дастгоҳҳои электронии ҳавопаймо корношоям гардида, онҳо водор ба бозгашти изтирорӣ ба Маскав шудаанд. Зимни нишасти изтирорӣ ва бархӯрд ба замин дастгоҳи чархаи ҳавопаймо шикаста, қисмати қафои ҳавопаймо аз соиш бо замин оташ гирифтаст.  

Мақомоти тафтишотии Русия ҳалокати 41 нафарро дар пайи фуруди изтирории “Sukhoi Superjet 100” дар фурудгоҳи Шереметево тасдиқ карданд. Ба иттилои РИА Новости аз 78 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо қарор доштаанд, 37 нафар, аз ҷумла 33 мусофиру 4 узви ҳайати халабонҳо наҷот ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0