Ду ҳазор кас кӯчонида шуд: сӯхтори мудҳиш дар кони нафти Қирғизистон-видео

CC0 / Pixabay / skeeze / Пожарный тушит огонь, архивное фото
Пожарный тушит огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сӯхтор субҳи имрӯз тақрибан соати 10:00 сар задааст

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дар кони нафти вилояти Ҷалолобод сӯхтори мудҳиш ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ин кишвар хабар медиҳад.

Дар паи сӯхтор ду кас захмӣ шуд, гуфта мешавад, ки яке аз маҷруҳон корманди мақомоти сӯхторхомӯшкунӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷои ҳодиса мошинҳои оташнионӣ, кормандони милитсия ва ёрии таъҷилӣ кор мекунанд. Ду ҳазор сокинони маҳаллӣ ба 

 ҷои бехавф кӯчонида шудаанд.

Аз навор дида мешавад, ки садҳо мусофир аз худравҳояшон баромада, сӯхторро муҳошида доранд.

Манбаъ афзуда, ки ҳодиса пурра таҳти назорати вазири КҲФ Қирғизистон қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0