01:49 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Сӯхтори газ дар Душанбе

Шарҳи нави сӯхтор дар Душанбе: оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи 4 нафар ва ҷароҳати 6 роҳгузар

акс аз сомонаи ВУД Тоҷикистон
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1092 0 0

Мақомоти умури дохилӣ, амнияти миллӣ ва додситонӣ сӯхтори 18-уми майро дар шаҳри Душанберо таҳқиқ карда, 4 нафарро бо гумони даст доштан дар он боздошт кардаанд

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тибқи иттилоияи ВУД, таҳқиқи сӯхтор дар чоҳи амудии қубурҳои зеризаминии буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониш муайян кардааст, ки он натиҷаи хунукназарии кормандони ширкати “Васл-саноат” мебошад.

Манбаъ мегӯяд, Тиллоев Умед Ҳабибуллоевич, мудири 38-солаи ширкати “Васл-саноат”, ки вазифааш таъмир ва тоза кардани иншооти хатарноки кимиёвӣ мебошад, ҳамроҳи се кормандаш барои тоза кардани зарфи гази моеъи ғунҷоишаш 25 ҳазор литр дар анборхонаи меҳмонхонаи “Хилтон” ҷалб шудаст. ВУД аз ин кормандон, Бобоназров Раҷабалӣ, сокини 58-солаи ноҳияи Ёвон,  Қурбоналиев Абдуллобек, сокини 35-солаи Ёвон ва Самадов Рустамҷон сокини 31-солаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд ном бурдааст.

Ба иттилои ВУД, Тиллоев ба зердастонаш супориш додаст, ки чумаки зарфи гази моеъро кушода, гази боқимондаро ба қубури партовҳо равон намоянд.

“Ин амали анҷомдодаи онҳо боиси олудагии газ бо обу оксиген ва сар задани сӯхтор гашта, дар натиҷа 6 нафар шаҳрвандони роҳгузар ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи шаҳрии №3 дастрас гардиданд”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД таъкид кард, ки феълан алайҳи Тиллоев ва 3 кормандаш барои хунукназарӣ  ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки боиси ҷабр дидани шаҳрвандон гардидааст, бар асоси моддаҳои 223,  314  ва 322-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, муттаҳамон дар боздошт мебошанд.

Мавзӯъҳои асосӣ