Роҳгузар пеши Гулҷаҳонро гирифт: "Ӯ хост, худро бо Довуд ва Озода ба дарё андозад"

© Sputnik / Борис Ушмайкин / Гузариш ба медиабонкМост через реку Сырдарью. Архивное фото
Мост через реку Сырдарью. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гулҷаҳон Саҳобиддинова, модари 35-солаи Довуди 4-сола ва Озодаи 2-сола баъди 3 моҳи зиндагӣ дар боғи назди бозори Панҷшанбеи Хуҷанд хостааст, худро ба дарё андозад

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Қамари Аҳрор. Гулҷаҳон Саҳобиддинова, сокини ноҳияи Ашт, ки ҳамроҳи шавҳараш барои кор ба бозори Панҷшанбеи Хуҷанд омадааст, 20 майи соли равон дар ҳолати бади руҳӣ қарор дошта, ба гуфтаи роҳгузаре, ки пеши роҳашро гирифтааст, мехост худро ба дарё андозад.

Детские туфли в воде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Очаҷон мана об ба напарто”: худкушии зан бо ду фарзандаш баъди суҳбати телефонӣ бо шавҳар

Феълан Гулҷаҳон бо фарзандонаш Довуди 4-сола  ва духтарчааш Озодаи 2-сола дар ноҳияи Ашт дар назди модараш қарор дорад ва духтури равоншинос дар хона ӯро табобат мекунад. Бо гузашти ду рӯз, ӯ худро солим ҳис мекунад ва ҳолати равониаш ҳам ба гуфтаи табибон беҳтар шудааст.

Наҷоти як модару ду фарзанд аз вартаи навмедӣ

Баҳринисо Абдураҳмонова, сокини шаҳри Хуҷанд, ки 20-уми май шоҳиди вазъи бади руҳии модари 35-сола шудаасту ба ӯ кумак кардааст, гуфт, он рӯз соатҳои 09:30 аз бинои ҳукумат баромада буд.

“Хостам каме дар курсии атрофи Ҳукумат таваққуф кунам, ки  занеро дидам, ҳамроҳи ду кӯдакаш гирякунон ба сӯи купруки дарё медавиду мегуфт,  “ин ҳаёт ҷонам ба расид, ман худама ме...". Ин дам ӯро бо дастонам доштам, ки гиря мекарду  мегуфт, “маро ҳеҷ кас гӯш намекунад, дарди маро ҳеҷ кас намедонад”. Ман ба ӯ гуфтам, ки ин ҷо биёед, ман Шуморо гӯш мекунам”, - изҳор дошт Абдураҳмонова.

Гулҷаҳон ба  Абдураҳмонова изҳор доштааст, ки сокини ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт буда, ҳамроҳи шавҳараш дар бозори Панҷшанбе коркунӣ омадаанд.

Ҷаноза. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ омилҳои даст ба худкушӣ задани ҷавононро таҳқиқ хоҳад кард

“Аммо шавҳараш пайваста арақ хӯрда, ӯро латукӯб мекардааст. Ин зан нақл кард, ки бо ду кӯдакаш се моҳ боз шабро дар порки назди бозор рӯз мекардааст”, - гуфт Баҳринисо Абдураҳмонова.

Он вақт, ки Гулҷаҳон бо худ на пулу на ҳуҷҷат ва на телефон доштаст,  бо кӯмаки Баҳринисо Абдураҳмонова ба қабули роҳбари идораи кор бо занон ва оила дар ҳукумати вилояти Суғд даромадаст.

Аз хушунати хонаводагӣ то меҳнати ҳалол дар саҳро

Нигора Ғаффорзода, раиси идораи кор бо занон ва оилаи Суғд дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Гулҷаҳонро шахсан худаш қабул кардааст. Дар сӯҳбат ба ӯ Гулҷаҳон аз хушунату озори шавҳараш қисса кардааст.

“Гулҷаҳон бароям нақл кард, ки пайваста аз дасти шавҳараш латукӯб мешавад. Бар иловаи ин шавҳараш барои нигоҳубини кӯдаконашон кумак намекардааст. Вазъи ин зан хуб набуд ва асабаш зиёд хароб ба назар мерасид. Баъд аз шунидани шикояти ин зан мо масъулини идораи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Аштро ба Хуҷанд даъват кардем. Онҳо ин зан ва кӯдаконашро ҳамроҳи худ ба ноҳияи Ашт бурда, кумак ҳам расониданд”, - иброз намуд, Ғаффорзода.

Сарай, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чаро хонандаи мактаб дар Ашт худкушӣ кард?

Обода Каримӣ, раиси идораи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Ашт мегӯяд, ки Гулҷаҳон пешниҳод барои то як муддати муайян  гузоштани фарзандонаш дар парваришгоҳро рад намуда, мехоҳад дар канораш бошанд. Раиси идораи кор бо занони ноҳияи Ашт мегӯяд, ҳоло онҳо барои фароҳам овардани кори саҳро, ки Гулҷаҳонро инро тақозо кардааст, талош доранд.

“Саҳар пеш аз кор Гулҷаҳонро дар хонааш хабар гирифтам. Вазъаш хуб шудааст. Табибони рӯҳшинос ҳам гуфтанд, ки вазъи сиҳатиаш хеле беҳтар шудааст.  Гулҷаҳон гуфт, ки мехоҳад ба кори мавсимӣ машғул шавад. Мо ҳоло ӯро ба кори мавсимии зардолучинӣ ҷалб мекунем. Ӯ ҳамроҳи модараш ва фарзандонаш ба саҳро баромада худро боз ҳам хуб ҳис мекунад”, - иброз намуд, Каримӣ.

Хушунату озор ва уқубатҳои бекориву бепулӣ дар ҳоле ин сокини ноҳияи Аштро гирифтор ба мушкили шадиди равонӣ кардааст, ки солҳои охир даст ба худкушӣ задани занон бо ҳамроҳии фарзандонашон бештар расонаӣ мешаванд.

Мушкили иҷтимоиву иқтисодии хонаводаҳо

Чанд рӯз пеш як сокини деҳаи Марғедари Панҷакент бо номи Хуршеда ҳамроҳи ду фарзандаш худро ба дарё андохт. Ҷасади Хуршедаро ва як кӯдакашро дар рӯзи 17-уми май пайдо карданд, вале то ҳанӯз ҷустуҷӯи ҷасади фарзанди дигари ӯ дар дарё давом дорад.

Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хоби абад мехоҳам: мудири "Жасмин" дар Душанбе барои қарз аз "Эсхата" 36 димедрол хӯрд

Ҳамдеҳагоне, ки аз ин ҳодиса бохабаранд, гуфтаанд, ки вақте шавҳараш дар суҳбати телефонӣ Хуршедаро “талоқ” додааст, ӯ аз сари қаҳру ғазаби зиёд бо ду фарзандаш худро ба дарё партофтааст.

Шафоат  Комилова, коршиноси масоили равонӣ мегӯяд, гирдоби муаммоҳо баъзеҳоро дучори ҳолати шадиди рӯҳӣ мегардонад ва бе фикри ин, ки роҳи бурунрафт аз ҳар варта вуҷуд дорад, қасди ҷони худ мекунанд.  

“Худи ҳамин ҳолати худкушӣ ва ё қасд ба ҷони худ кардан ин бо ягон муаммоҳои шахсӣ вобастагӣ дорад, ки баъзеҳо роҳи ҳалашро наёфта ба як тангкӯчаи сарбаста гирифтор мешаванд. Фақат дар ҳамин чиз мебинанд,  гӯиё ки ягон кас онҳоро намефаҳмад, наҷот дода наметавонад ва масъалаи онҳо ҳалнашаванда аст. Зеро дар ҳолати эмотсионалӣ тангии шуур ба вуҷуд меоянд. Дар ҳолати буҳронӣ, роҳи халосиро дар худкушӣ диданаш мумкин аст”, - иброз медорад коршинос.

Линии электропередачи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қасди худкушии марди 53-сола дар болои симчӯби барқ дар Душанбе

Чанд вақт пеш ҳукумати вилояти Суғд курсҳои омодакунии равоншиносҳоро ташкил намуда буд, ки гуфта мешуд, ин тасмим ба  хотири пешгирӣ аз ҳолатҳои худкушии наврасон дар шаҳру навоҳии вилоят мусоидат хоҳад намуд. Он замон як далели афзоиши шумори худкушӣ дар миёни наврасонро мақомот аз норасии омӯзгорони равоншинос дар мактабҳо шарҳ медоданд.

Дар се-чор соли пеш шумори ҳодисаҳои худкушӣ дар Тоҷикистон камтар ва солона то 500 ҳодиса рақам зада мешуд. Вале як ду соли охир ин падидаи номатлуб тамоюли афзоиш дорад. Як сабаби рухдоди ин ҳодисаҳоро коршиносон вазъи номусоиди иҷтимоиву иқтисодӣ дар хонаводаҳо арзёбӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0