01:45 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Полиция Москвы, архивное фото

Зани ҷавон кормандони милисаро газиду латту кӯб кард: дар вилояти Маскав

© Sputnik / Евгений Биятов
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
566 0 0

Дар вилояти Маскав нисбати зани 23-сола бо ҷурми газидан ва латту кӯби кормандони милиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар вилояти Маскав, зани 23-сола кормандони милисаро газиду латту кӯб кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ВКД Русия.

Қайд мешавад, ки ҳодиса рӯзи 22 май ба вуқӯъ пайвастааст.

Гумонбар дар шуъбаи милисаи Ивантеевкаи ВКД Русия дар Пушкино нигоҳ дошта шудааст.

Хабар дода мешавад, ки гумонбаршуда, милисаҳои ин шуъбаро газидаю латту кӯб кардааст.

Як милиса аз сар ҷароҳат бардошаю дар бадани дуюмӣ нишонаҳои газидагӣ намоён шудааст.

Нисбати ин зан бо ҷурми газидан ва латту кӯби кормандони милиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Кишинёв роҳгузаре ба сари синаи кампиру зани ҷавон мушт зад.

Аз дасти марди роҳгузар кампири 81-сола ва зани 36-сола захм бардоштанд. Кампир пас аз зарбаи мард ба замин афтод.

Ба ҷабрдидагон ёрии таъҷилӣ расониданду мақомот шахсияти роҳгузарро муайян кард.

Мавзӯъҳои асосӣ