Мақомот қазияи бозгашти ҳавопаймои хатсайри Сургут-Тоҷикистонро тафтиш мекунад

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкСамолет авиакомпании Utair
Самолет авиакомпании Utair  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар аз ширкати "ЮТейр" хабар доданд, ки пас аз парвоз ҳавопаймо ба далели нуқси техникӣ дарҳол ба фурудгоҳи Сургут бозгашт

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Кумитаи тафтишотӣ далели бозгашти ҳавопаймои хатсайри Сургут-Тоҷикистонро тафтиш мекунад.

"Кумитаи тафтишотӣ дар нақлиёт, далели қазияи киштии ҳавоии "Боинг-737-500"-ро тафтиш мекунад",-қайд мекунад Кумитаи тафтишотӣ. 

Обгоревший фюзеляж самолета компании Аэрофлот Sukhoi Superjet-100 на летном поле в аэропорту Шереметьево - Sputnik Тоҷикистон
Сабаби аниқтари фоҷиаи Шереметово маълум шуд

Пештар аз ширкати "ЮТейр" хабар доданд, ки пас аз парвоз ҳавопаймои хатсайри Сургут-Тоҷикистон ба мушкилот рӯ ба рӯ шуда ба далели нуқси техникӣ дарҳол ба фурудгоҳи Сургут бозгашт.

Ҳавопаймои ширкати "ЮТейр" бо мақсади тамом кардани сӯзишвориаш як соат дар болои фурудгоҳи Сургут, парвоз кардааст. Дар дохили ҳавопаймо 130 мусофир, ки сеяки онҳоро кӯдакон ташкил доданд, қарор доштаанд.

Интизор меравад, ки мусофиронро то соати яки шаби рӯзи 26 май бо вақти Маскав, бо ҳавопаймои дигар ба Хуҷанд фиристанд. Дар Сургут барои ҳамаи мусофирон ҷои хоб ва хӯроки гарм таъмин шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои “Sukhoi Superjet 100” шоми 5 май аз Маскав сӯи Мурманск баланд шуду пас аз 28 дақиқаи парвоз ба Шереметево баргашт.

Ҳавопаймои SSJ100 пеш аз фоҷиа аз муоинаи техникӣ нагузашта буд

Ҳайати халабонҳо гуфтанд, ки дар пайи зарбаи раъду барқ дастгоҳҳои электронии ҳавопаймо корношоям шуда, онҳо водор ба бозгашти изтирорӣ ба Маскав шудаанд.

Сабаби аниқтари фоҷиаи Шереметово маълум шуд

Зимни нишасти изтирорӣ ва бархӯрд ба замин дастгоҳи чархаи ҳавопаймо шикаста, қисмати қафои ҳавопаймо аз соиш бо замин оташ гирифт.

Ором! навор аз дохили ҳавопаймои оташгирифта дар Шереметово – видео

Мақомоти тафтишотии Русия ҳалокати 41 нафарро дар пайи фуруди изтирории “Sukhoi Superjet 100” дар фурудгоҳи Шереметево тасдиқ намуданд.

Қурбонбекзода ва Искандаров Наврӯз: нашри рӯйхати ҳалокшудагон дар Шереметово - видео

Ба иттилои РИА Новости аз 78 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо қарор доштаанд, 37 нафар, аз ҷумла 33 мусофиру 4 узви ҳайати халабонҳо наҷот ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0