19:15 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Дуздӣ, акс аз бойгонӣ

Се ноболиғ барои дуздӣ дастгир шуданд

© Sputnik / Miroslav Rotari
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани се ноболиғ бо иттиҳоми дуздӣ дар шаҳри Ваҳдат хабар дод

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар шаҳри Ваҳдат зани 45-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат карда, арз доштааст, ки хонааш ҳадафи дуздон қарор гирифтааст.

Муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки дар давоми рӯзҳои  10 то 15-уми июни соли 2019, шахсони номаълум аз набудани соҳибхона истифода бурда, бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо молу ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳаҷми зарари расонидашуда 7 ҳазору 700 сомонӣ арзёбӣ шудааст.

ВУД афзуд, ки маъмурини милисаи Ваҳдат дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як ҷавони 19-сола ва 3 нафар ноболиғони 14, 15, 16-сола,  сокинони шаҳри Ваҳдат ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир кардаанд.

Ин ниҳод таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
ВУД ҶТ, парванда, дастгир, дуздӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ