21:17 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Нож

ВУД: марди 30-сола ҳамсояро лутукуб карду корд зад, сипас ба милитсия таслим шуд

CC BY 2.0 / Bamboozled2009 / the death of a mushroom
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
756 0 0

Ахиран ба идораи милитсия сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ марди 30-сола ҳозир шуд ва гуфт бо ҳамсояаш муноқиша намуда ӯро чанд маротиба бо корд задааст

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи 17-уми июни соли равон марди 30-солаи сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо марди 34-солаи сокини деҳаи Мирзоободи ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб намудааст.

Сипас, маррди 30-сола аз хонаи истиқоматиаш корд гирифта, ду маротиба ба шикам ва пушти марди ҷабрдида задааст.

“Мувофиқи маълумотномаи тиббӣ ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, кормандони милитсияи Тоҷикистон қайд намуданд, ки номбурда баъд аз ҳодисаи мазкур ихтиёран ба идораи милитсия дар ноҳияи А.Ҷомӣ ҳозир шуда, ба гуноҳи содирнамудааш пурра иқрор шудааст.

 Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи кишвар аз рӯи ҳодисаи мазкур  тафтишотро идома доранд.

Барчаспҳо:
таслим, кордзанӣ, кордкашӣ, корд, ҳамсоя, милитсия, Тоҷикистон, ВУД

Мавзӯъҳои асосӣ