Ду садамаи маргбори нақлиётӣ дар Кӯлобу Гулистон: ҳалокати кӯдаки дусолаву соҳибкори ҷавон

© Фото : PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар тайи як рӯз дар шимолу ҷануби Тоҷикистон ду садамаи маргбори нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар пайи он кӯдаки 2-сола ҳалок шуда, падару модар ва додараш сахт маҷрӯҳ ва ба бемористон интиқол ёфтаанд. Дар шимол соҳибкори ҷавоне ба садама дучор шуда, ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду ҳодисаи нохуши маргбор дар ҳудуди кишвар дар тайи як рӯз гузориш додаст. Дар пайи он кӯдаки хурдсоле дар Кӯлоб ва соҳибкори ҷавоне дар Гулистон ба ҳалокат расидаанд. Волидони кӯдаки ҳалокшуда ва додараш сахт маҷрӯҳ шуда, ба беморхона интиқол ёфтаанд.

Разбитый автомобиль. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Умедҷон мошинро чаппа кард: ҳалокати модари ронанда дар пайи садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Бино бар иттилои манбаъ, 18-уми июни соли 2019, тахминан соати 13:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидов Ҷумъахон Ҳайдарович, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Даҳанаи ҳамин шаҳр аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, хурдсол Маҳмадиева Рисолат Мустафоевна, соли таваллудаш 2017, сокини деҳаи Таниёли шаҳри Кӯлоб, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Умедҷон мошинро чаппа кард: ҳалокати модари ронанда дар пайи садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Мусофирони дигари автомашинаи мазкур: Маҳмадиев Мустафо Аҳмадович, соли таваллудаш 1986, Ҳасанова Саодат Назархуҷаевна, соли таваллудаш 1990 ва хурдсол Маҳмадиев Орзу Мустафоевич, соли таваллудаш 2015, сокинони деҳаи Таниёл, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Рӯзи 18-уми июни соли 2019, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Исмоилов Алишер Исмоилович, соли таваллудаш 1993, соҳибкори инфиродӣ, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Холиқов Аминҷон Дадоевич, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Гулистон, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Исмоилов А.И. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0