16:17 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Лесной пожар, архивное фото

Бо саг тарсонидаву ба симтӯр бастанд: тафсилоти даҳшатбори оташ задани Осияи 6-сола

© Sputnik / Игорь Агеенко
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
4552 0 0

Дарро кушодам, ки ҳамин лаҳза Осия намудор шуд. Либосҳои баданаш оташ гирифта, дод зада, ба сӯи ман медавид. Ман зуд як сатил об оварда, ба сару тани ӯ пошидам. Оташ хомӯш шуд. Осия аз тарс пӯсти баданашро, ки сӯхта буд, бо дастонаш меканду дод мезад, мегӯяд Оиша, ки аввалин шуда аз ҳодиса хабардор шуд

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ҳодисаи оташ задани кӯдаки 6-cола ҷомеаи кишварро сахт такон дод: ба иттилои пешакӣ, ҷинояти мазкурро се хонандаи мактаб анҷом додаанд, ки бе назорати волидон мондаву рӯзи дароз вақташонро дар кӯча мегузарониданд.

Ба ин ҳодиса раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вокуниш нишон доду вазорати умури дохила мегӯяд, тафтишотро додситонӣ идома медиҳад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Фараж", тафсилоти ҳодисаи оташ задани Осияи шашсоларо нашр кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Осия ҳамон рӯз бо духтарамакаш Оишаи 13-сола ба хонаи бибиашон рафта буданд ва ҳодиса ҳамон ҷо рух дод.

Осия дар назди манзили бибиаш бозӣ мекардааст.

 - Ман ба хона даромадам ва аз тиреза бозии онҳоро назора мекардам. Чанд лаҳза пас аз анҷоми кори фармудаи бибиям, дидам, ки Осия нест. Хостам ба берун бароям,- оғоз кардааст ба тафтисоли ҳодиса Оиша.

"Дарро кушодам, ки ҳамин лаҳза Осия намудор шуд. Либосҳои баданаш оташ гирифта, дод зада, ба сӯи ман медавид. Ман зуд як сатил об оварда, ба сару тани ӯ пошидам. Оташ хомӯш шуд. Осия аз тарс пӯсти баданашро, ки сӯхта буд, бо дастонаш меканду дод мезад. Баъд ба хона дароварда, либосҳояшро кашидам. Бибиям ба амакам, падари Осия занг зад. Ӯ Осияро ба ин беморхона бурд", - афзудааст духтарак.

Ёдрас мешавем, бино бар иттилои пизишкон 65 дар сади бадани духтарак сӯхтааст. Табобати Осияро бо дастури шахсии раисҷумҳур вазири тандурустии кишвар Насим Олимзода зери назорат гирифтааст.

Фоҷеа: Муҳаммадҷони 7-сола бо трактор хоҳари дусолаашро зер кард

Ба иттилои бобои Осия Бурҳон Зулфонов, кӯдакро наврасон аввал бо саги калон тарсонида, сипас ба симтӯр баставу оташ задаанд.

Дар ҳамин ҳол, волидони гумонбарон то ҳол аз аҳволи ҷабрдида хабар нагирифтаву узрхоҳӣ низ накардаанд.

Осия се рӯз пештар ба бемористон бистарӣ гаштаву то ҳол аҳволашро табибон вазнин унвон мекунанд.

Маводҳои санҷишии ҳодисаи мазкур ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шуда, санҷиши ҳолати рӯй додани ин ҳодиса идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ