04:28 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Автомобиль реанимации

Таркиш дар анбори лавозимоти ҷангӣ дар Қазоқистон

© Sputnik / Максим Богодвид
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
87 0 0

Аҳволи се кас, ки дар паи таркиш дар Арис ҷароҳатдор шуданд, вазнин арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Беш аз 10 кас аз қисми низомии шаҳри Ариси Қазоқистон ба бемористони маҳаллӣ оварда шуданд. Аҳволи се ҷароҳатдор вазнин арзёбӣ мешавад. 

Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад.

"Се кас дар ҳолати вазнин қарор доранд, дар умум наздики даҳ кас ба мо муроҷиат карданд. Ҷароҳатдорон ба мо муроҷиат мекунанд ва мо дарҳол ба онҳо ёрӣ медиҳем. Мо омодаем захмиёнро қабул кунем",-гуфт сардухтури беморхона Абилай Добай.

Каме баъдтар мушовири ҳокими вилояти Туркистон Сакен Калкаманов, дар гузоришаш дигар нишондодҳоро ироа кард.

Бино ба маълумоти пешакӣ ба бемористон шаш кас бо ҷароҳати начандон вазнин муроҷиат кардааст. Яке аз захмиён низомӣ буда барои табобат ба беморхонаи вилоятӣ интиқол дода шудааст.

Дар Арис чӣ гузашт?

Рӯзи душанбе, 24 июн дар яке аз анборҳои нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистон, ки дар наздикии минтақаи аҳолинишини шаҳри Арис ҷойгир аст, сӯхтор ба амал омад, ки каме баъдтар ба таркиш оварда расонд.

Бино ба гузориши Вазорати дифоъи Қазоқистон сабабҳои ин қазия омӯхта мешаванд.

Дар шаҳри Арис 43 ҳазор кас ба сар мебарад. Пас аз таркиш дар ин шаҳр ҳолати фавқуллода эълон шуда, сокинон ба ҷойҳоли бехавф кӯчонида мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ