10:59 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Сломанный велосипед, архивное фото

ВУД: дар ду садамаи маргбор се нафар ҷон бохт

CC0 / Pixabay
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
207 0 0

Дар роҳҳои Тоҷикистон ахиран ду садамаи маргборе рух додааст, ки дар он се нафар ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik.Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, садами маргбор дируз дар ҳудуди деҳоти Даштикони ноҳияи Деваштич рух додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ронандаи мошини “Опел-Астра”, Муъминов Шуҳратҷон, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар ҳудуди деҳоти Даштикони ноҳияи Деваштич, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрон, Ашӯров Ҷонибек, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Яхтанро пахш намудааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар натиҷа велосипедрон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Садамаи маргбор: мошин ба дарёи “Кофарниҳон” чаппа шуду, ду нафар ба ҳалокат расид

Инчунин тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, рӯзи 27 июни соли равон тахминан соати 20:30 -дақиқа, худрави “Мерседес-Бенс”, Қурбонов Фирӯз, соли таваллудаш 1987, сокини кӯчаи Ҷ.Каримзодаи шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти ҷамоати деҳоти Дуконӣ, дар ҳудуди деҳоти Чашмаи шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Атоев Сайҷаъфар, соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати деҳоти зикргардида, баъдан ба автомашинаи тамғаи “Ласети”, таҳти идораи ронанда Баротов Исматулло Ҷунайдуллоевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Норак бархӯрдааст. 

Манбаъ зикр намудааст, ки дар натиҷа, ронандаи худрави “Опел-Астра” ва мусофираш Назарзода Гулрухсор, соли таваллудаш 1989, сокини ҳамин шаҳр бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Садамаи маргбор: ҳалокати духтарчаи 7 сола зери чархи мошин

Мусофири дигари автомашинаи мазкур Мирзоева Гулсара, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти Дуконӣ, дар беморхона қарор дорад.

Дар ҳоли ҳозир коормандони милитсияи кишвар таҳқиқи ҳодисаҳоро давом доранд.

Барчаспҳо:
марг, ВУД, ВУД ҶТ, Деваштич, Норак, садамаи маргбор, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ