01:43 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Мошини ёрии таъҷилӣ, акс аз бойгонӣ

Ҷароҳати 2 ҷавон бар асари таркиши "Тойота"-и мусофирбари Душанбе–Помир

© Sputnik / Стас Этвеш
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
3647 0 0

Бар асари таркиш ва сӯхтори мусофирбари “Toyota Land Cruiser” дар “Автоколоннаи 2927”, маъруф бо “Стоянкаи Помир” ду ҷавони 18 ва 19-сола шадидан маҷруҳ шудаанд

ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Таркиш субҳи имрӯз дар нуқтаи таъмири нақлиёти "Автоколоннаи 2927" рух дода, ду ҷавони 18  ва 19-сола шадидан сӯхтаанд, хабар додааст сомонаи нашрияи "Фараж".

Манбаъ аз қавли шоҳидон хабар додааст, ки таркиш пас аз он рух дод, ки устои таъмиргар дар наздикии махзани сӯхти (бак) мошин бо арраи барқӣ кор мекардааст.

"Дар натиҷаи паридани шарора, мошин оташ гирифта, то расидани сӯхторхомӯшкунандагон пурра сӯхтааст. Мошин бо таҷҳизоти газӣ низ муҷаҳҳаз будааст, ки он ҳам таркидааст", - омадааст дар хабари нашрия.

Дар Маркази шаҳрии клиникии Душанбе, ки маҷруҳшудагон дар он бистарӣ мебошанд, аз ҷабрдидаҳо Саидраҳмонов Мурод ва Файзуллоев Насим ном бурданд, ки аввалӣ 19 ва дуюмӣ 18 сол дорад.

Табиб Тоҳир Зубайдов вазъи беморонро вахим арзёбӣ карда, афзудааст, ки онҳоро соати 8-и субҳ, бо 75 ва 95 дарсад сӯхтагии бадан ба бемористон расонидаанд.

Нарзулло Саидраҳмонов – падари Мурод дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, ки  ӯ сокини шаҳри Душанбе аст ва соҳиби мошин Сайфулло Саидраҳмонов бародараш мебошад, ки дар роҳи Душанбе-Помир таксиронӣ мекунад.

"Ӯ субҳи барвақт аз Бадахшон ба Душанбе расида буд. Насим Файзуллоев хешамон аст, ӯ барои имтиҳонсупорӣ ба Душанбе омада буд", - изҳор доштааст Саидраҳмонов.

Сардори "Автоколлонаи 2927" Хуршед Хизиров дар суҳбат аз ҷузъиёти бештари ҳодиса изҳори бехабарӣ карда, танҳо гуфтааст, ки сабабгори сӯхтор худи ронанда шудааст. Ҳодиса аз ҷониби мақомот таҳқиқ мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ