Кордкашии наврас дар кӯчаи Маяковскии Душанбе

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар натиҷа писараки 16-сола, навраси дигаре маҷрӯҳ ва ба беморхона интиқол ёфтааст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи кордкашии як сокини навраси Душанбе дар кӯчаи Маяковскии пойтахт хабар медиҳад.

Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кордкашии муҳоҷирон дар Петербург: муҳоҷири тоҷик ҳамкори узбакашро корд зад

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 1-уми июли соли равон, тахминан соати 20:00-дақиқа, дар назди бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Маяковский рух додааст.

"Навраси 17-солае  дар кӯчаи мазкурбо ноболиғ, писарбаччаи 16-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 3-маротиба ба узвҳои баданаш задааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғ, писарбаччаи 17-солаи сокини кӯчаи пойтахт, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Тафтишот идома дошта, ҷабрдида ба беморхона интиқол ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0