14:11 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Духтарон, акс аз бойгонӣ

ВУД: ҷавони девона дар боғ духтари ношиноси 22-соларо куштаст - видео

© Sputnik
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
5628 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз қатли як духтари 22-сола хабар дод, ки аз ҷониби ҷавони муталои бемории руҳӣ содир шудааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса 12-уми июн замоне рух додааст, ки духтари 22-сола барои мехгардон кардани чорво барои анҷоми корҳои хоҷагӣ вориди боғ дар деҳаи Ясии шаҳри Истаравшан шудааст.

ВУД Тоҷикистон афзуд, ки пайдо шудани ҷасади ҷавондухтар бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар боғ боиси паҳн шудани овозаҳо миёни мардум гардид.

Ин ниҳод аз қавли муфаттишон гузориш дод, ки дар ин ҷиноят ҷавони мубталои бемории васвосӣ Фаррух Холмуҳаммедов, соли таваллудаш 1994 сокини деҳаи Зарнисори шаҳри Истаравшан даст доштааст.

ВУД мегӯяд, ин ҷавон ҳангоми дучор омадан бо духтар дар боғ ӯро буғӣ карда куштааст. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ҷавонҳо қаблан шинос набудаанд ва ин ҷиноят ҳангоми хуруҷи бемории Холмуҳаммедов содир шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки Фаррух дар қайди беморхонаи бемориҳои руҳӣ қарор дошта, гаштугузори мубталоёни бемории руҳӣ миёни ҷомеа таҳдид ба ҷони дигарон дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ