03:35 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото

Террорист худро тарконд ва 200 касро дар Ғазнӣ захмӣ кард

© AFP 2019 / RIZWAN TABASSUM
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
182 0 0

Дар паи ҳамлаи террористӣ дар Ғазнӣ 36 кӯдак ҷароҳатдор шуд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Шумораи захмиён, ки аз таркиш дар музофоти Ғазнӣ ҷароҳатдор шуданд, ба 180 кас расид. Дар ин бора шабакаи Tolo News бо такя ба Вазорати тандурустии Афғонистон хабар медиҳад.

Субҳи рӯзи якшанбе, террористи худкуш худро дар дохили мошини боркаш дар назди сохтмони Идораи амнияти миллии Афғонистон тарконд.

Нахуст хабар дода шуд, ки дар паи ин таркиш 12 тан кушта шуду 40 кас захмӣ гардид.

Тибқи маълумоти охир дар натиҷаи ин фоҷиа 180 кас ҷароҳат бардоштааст, ки 36 нафари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Қайд мешавад, ки аксарияти ҷабрдидагон аҳолии осоишта будааст.

Ҷавобгарии ҷиноии ин ҳодисаи хунинро гурӯҳи тундрави "Толибон" (мамнуъшуда дар Тоҷикистон) бар ӯҳда гирифт.

Сухангӯи президенти Афғонистн Содиқ Содиқӣ ин амали террористонро маҳкум кард.

Вазорати дифоъи Афғонистон: “Толибон” рӯ ба шикаст оварда аст

"Ҳамлаи террористие, ки дар музфоти Ғазнӣ дар назди бинои мактаби хусусӣ, ҷони чандин одамони осоиштаро гирифт, боиси маҳкум аст ва ҷиноят нисбати инсоният мебошад".

Барчаспҳо:
Ғазнӣ, Афғонистон, захмӣ, ҷароҳат, амали террористӣ

Мавзӯъҳои асосӣ