Раҳмон зери назорат гирифт: шарҳи лаҳза ба лаҳзаи ҳалокати маҳбусон аз қавли зиндонбонҳо

© Sputnik / Иван Руднев / Гузариш ба медиабонкИсправительная колония, архивное фото
Исправительная колония, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон таҳқиқи заҳролудшавӣ ва ҳалокати маҳбусон ҳангоми интиқол аз шаҳри Хуҷанд ба Душанберо зери назорати қатъӣ гирифт

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Теъдоди ҳалокшудагон, ки қаблан 13 нафар гуфта мешуд, феълан афзоиш ёфта ба иттилои идораи зиндонҳои Тоҷикистон ба 14 нафар расидааст.

Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Пупанаки сархӯр: нони мағорбаста метавонист сабаби марги 14 маҳбус шавад

Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон қазияро лаҳза ба лаҳза шарҳ додааст, ки тибқи он заҳролудшавӣ дар мавзеи Майхораи Варзоб дар пайи истеъмоли се нони яке аз маҳбусон рух дода, ним соат пас дилбеҳузурию қайкунӣ оғоз гардидааст ва табибон баъди расидан ба зиндон дар Душанбе даъват шудаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, 7-уми июли соли 2019, дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 128 нафар маҳкумшуда - 120 нафар мард ва 8 нафар зан аз зиндонҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд барои идомаи ҷазои ҷиноятӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ёвон дар 3 автомашинаи махсусгардонидашуда бояд интиқол дода мешуданд.

Манбаъ афзуд, қатораи автомашинаҳои мазкур бо роҳбаладии дастаи посбонон соати 12:45 аз шаҳри Хуҷанд ҳаракат карда, соати 18:20 ба шаҳри Душанбе расид.

Тибқи меъёрҳои муқарраргардида дар роҳ 6 маротиба барои ҳоҷат таваққуф карданд.

Встреча, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабси тӯлонии 2 мансабдори ҷавон барои порагириҳои зиёд дар Душанбе

Сарраёсат таъкид кардааст, ки дар қисмати дуюми роҳ дар мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад нон – “хлеб”, ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст.

"Баъди истифодаи он тақрибан бо гузашти ним соат бо 16 маҳбусе, ки дар бордони қисмати 2-юми автомашинаи таҳти рақами 024 ВА 01 буданд, ҳолати дилбеҳузӯрӣ, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Соати 18:20, вақте ки вориди муассисаи тафтишотии СРИҶҶ Вазорати адлия гардиданд, ҳолати истеъмолкардагони нони маҳбус бад шуд. Дар 16 нафари онҳо ҳолати аз ҳушравӣ мушоҳида гардид. Соати 18:25 бригадаҳои махсуси ёрии таъҷилӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи тиб барои кумаки аввалия вориди МТМН СРИҶҶ ВА ҶТ гардиданд", -омадааст дар иттилоия.

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мегӯяд, дар натиҷаи дидани чораҳои таъҷилӣ бо истифодаи кулли  имконот, ба табибон муяссар гардид, ки танҳо ҳаёти 2 нафар аз маҳбусон наҷот дода шавад. Мутаассифона, новобаста аз дидани чораҳои таъхирнопазири тиббӣ имкони наҷоти 14 нафар аз маҳбусон муяссар нагардид. Боқимонда 114 нафар маҳбус бе нишонаи осеби ҳолати ҷисмонӣ, тибқи таъинот дар муассисаҳои ислоҳии марбут ҷобаҷо шуданд.

Зиндониёни афвшуда дар зиндони ноҳияи Ваҳдат - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари маҳбас ба маҳбас: Файзулло Сафазод ба 4 соли зиндон маҳкум шуд

Манбаъ таъкид кард, ки вобаста ба ҳодисаи заҳролудшавӣ, ки ба талаф  ёфтани 14 нафар маҳбус оварда расонид, аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, вобаста ба он гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шуд.

Ба иттилои идораи зиндонҳо, ташхиси тиббӣ-судӣ таъйин гардида, тафтишоти парвандаи мазкур таҳти назорати қатъии Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон қарор дода шудааст.

Идораи зиндонҳо инчунин феҳрасти ҳалокшудагонро нашр кардааст, ки аз 19 то 52 сол доштаанд:

1. Абдураҳмонов Абдураҳмон Ҳасанович, с.т.10.02.1997, зодаи ноҳияи Рудакӣ, ҷ/д Чимтеппа, деҳаи Гулбутта.
2. Буриев Далерҷон Бозорович, с.т.16.09.1998, зодаи шаҳри Истаравшан.
3. Ватаниев Маҳмасаид Восеиевич, с.т. 20.04.1977, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, деҳаи Ҳилолӣ.
4. Манонов Раҷабмурод Алимардонович, с.т. 26.05.1979, зодаи ноҳияи Файзобод, ҷ/д Чашмасор, деҳаи Бунгакиён.
5. Назруллоев Усмоналӣ Бурихонович, с.т. 21.03.1979, зодаи ноҳияи Ёвон.
6. Одинаев Валиҷон Дарвешович, с.т.13.12.1976, сокини шаҳри Ҳисор, ҷ/д Деҳқонобод, деҳаи Бағалак.
7. Солиҳов Некқадам Гулмуродович, с.т. 23.07.1985, зодаи ноҳияи Варзоб.
8. Сунатуллои Имомалӣ, с.т. 05.06.1989, зодаи шаҳри Душанбе.
9. Турдиев Ёқуб Сафармаҳмадович, с.т. 28.01.1991, сокини ноҳияи Хуросон, ҷ/д Қизил-қалъа, деҳаи Сарбанд.
10.Убайдов Афзалшо Ҳабибович, с.т. 23.02.1995, зодаи шаҳри Ваҳдат.
11.Ҳайдаров Некрўз Мирзоалиевич, с.т. 21.08.1999, зодаи ноҳияи Данғара, деҳаи Корез.
12. Ҳакимов Ҳасан Нуралиевич, с.т. 17.01.1987, зодаи ноҳияи Рудакӣ, шаҳраки Сомониён.
13. Юсупов Меҳроб Акбаралиевич, с.т. 07.07.1992, зодаи ноҳияи Варзоб.
14. Қаюмов Абдуҷамил Халилович, с.т. 10.11.1967, зодаи ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки Бӯстон.

Лентаи хабарҳо
0