01:23 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Садама, акс аз бойгонӣ

Бархӯрди мошин ба пояи бетонӣ 2 кушта ва 2 маҷруҳ барҷой гузошт

CC0 / Pixabay
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1162 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар роҳи Бӯстон-Чанноқ- Хуҷанд хабар дод, ки 2 кушта ва 2 маҷруҳ барҷой гузоштааст

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса 6-уми июли соли равон тахминан соати 04:30 дақиқа рух додаст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Сиело”, Тоиров Аслиддин Анварҷонович, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Бӯстон-Чаннок-Хуҷанд”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мизрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби бетонии канори рости роҳ бархӯрдааст”, - омадааст дар иттилоия. 

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷаи бархӯрд худи ронанда ва як мусофир – Абдуллоев Аҳмадҷон Додоҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

“Мусофирони дигар, Мамадқулов Зафар Равшанович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Конибодом ва Махкамов Анвар Шамсибоевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд”, - илова намуд ВУД.

Мақомоти умури дохилӣ таъкид намуданд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ