14:49 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Болғаи додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Ҷазои Нурхонов барои пулгирӣ аз ҷавони бемор бо ваъдаи халосӣ аз хизмат

© Sputnik / Максим Богодвид
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
116 0 0

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе Исфандиёр Нурхонов, собиқ корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синоро дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи 20 ҳазору 75 сомонӣ ҷарима бастааст

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳ, Нурхонов нисфирӯзи 18-уми апрели соли 2019, дар пеши комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино аз шаҳрванд Каримов Акбар барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародари бемораш Каримов Далер 3000 сомонӣ гирифтааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Баъдан Нурхонов ба комиссариати ҳарбии мазкур даромада, ба Каримов ваъда додааст, ки то бегоҳии он рӯз бародарашро ҷавоб медиҳанд.

Додгоҳ афзуд, ки Каримов барои муоинаи иловагии меъда равон карда шуд ва дар натиҷа маълум шудааст, ки ӯ дар ҳақиқат бемории “реши пиёзаки рудаи дувоздаҳангушта” дошта, бо ин беморӣ ғайриқобили хизмат мебошад.

Ба иттилои манбаъ, Нурхонов бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт, бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Каримов 3000 ҳазор сомониро гирифта, ягон амали ваъдакардагиашро иҷро накардааст.

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе Нурхонов Исфандиёр Хуршедовичро дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи  365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо,  баробар ба 20 ҳазору 75 сомонӣ ҷарима бастааст, аммо аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян маҳрум накардааст.

Барчаспҳо:
қаллобӣ, пора, додгоҳ, аскарӣ, ҳукми суд, суд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ