22:54 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Мошини милиса дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Кордзаниҳо дар рӯзҳои истироҳат: аз теғкашии ҷавонзан то зарбаи падар ба гардани писар

© Sputnik
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
3387 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷанҷолҳо дар рӯзҳои истироҳати гузашта хабар додааст, ки бо расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ анҷомидаанд

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik.  Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ, модари 57-сола, сокини деҳаи Гулпарвари ноҳияи мазкур алайҳи шавҳараш шикоят кардааст.

Ӯ арз доштааст, ки 14-уми июли соли 2019, тахминан соати 10:00, шавҳараш марди 59-сола, дар ҳолати мастӣ бо писараш, марди 29-сола, ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба тарафи рости гарданаш задааст. Дар натиҷа ҷавони 29-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВУД инчунин аз кордкашии ҷавонзане дар ноҳияи Ҳисор хабар дода, афзудааст, ки муттаҳами 33-сола дастгир шуд.

“Номбурда, рӯзи 14-уми июли соли 2019, тахминан соати 17:40-дақиқа, бо зани 27-солаи сокини деҳаи Қалъаи шаҳри Ҳисор ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба тарафи чапи шикамаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД афзуд, ки инчунин ба идораи милиса дар шаҳри Хоруғ, марди 40-солаи сокини кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур муроҷиат намуда, арз доштааст, ки 13-уми июли соли 2019, тахминан соати 19:00, марди 42-солаи сокини кӯчаи Ленин бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо олоти халандаю буранда як маротиба ба зери чашмаш задааст. 

Ба иттилои ВУД, дар натиҷа муроҷиаткунанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи шаҳри Хоруғ бистарӣ гардидааст.

Мақомоти умури дохилӣ таъкид карданд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ